Аз нишастҳои матбуотӣ

Нақшаи андоз иҷро нашуд. Сабаб — COVID-19 ва…

№24 (4286) 23.02.2021

DSC_3987Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода гуфт, ки соли сипаришуда нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 93,7 дарсад иҷро шуд. Ин нуктаро ӯ 18 феврал зимни нишасти матбуотӣ зикр намуда, сабаби асосӣ пандемияи COVID-19, коҳиши нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, кам шудани сармоягузорӣ маҳдуд шудани хизматрасонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, гардиши савдои чакана ва паст шудани қобилияти харидории шаҳрвандонро арзёбӣ кард. Бино ба иттилои ӯ, аз ҳисоби корхонаҳои калонтарини соҳаи саноати истихроҷ ва ширкатҳои мобилӣ, бинобар нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ ва таъмин накардани иҷрои уҳдадориҳо дар назди буҷети давлатӣ, нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 600 миллион сомонӣ кам андоз ворид шуд.

- Инчунин, бо дарназардошти вазъияти баамаломада фарҳанги андозсупорандагон то андозае паст гардида, ҳолатҳои аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор сари вақт ба мақомоти андоз пешниҳод нашудани эъломияҳои андоз нисбат ба солҳои қаблӣ 10-12 дарсад зиёд гардид.

Бинобар пурра таъмин нашудани қисми даромади буҷет, кам шудани сармоягузории хориҷӣ ва мутаносибан кам шудани маблағгузориҳо ба иншооти муҳими давлатӣ, лоиҳаҳо ва дигар соҳаҳо, воридоти андоз ба буҷет коҳиш ёфта, ба таъмин гардидани қисми даромади буҷет таъсири манфӣ расонд, — изҳор дошт Нусратулло Давлатзода.

Иттилоъ дода шуд, ки бақияи қарзи андозҳо то 1 январи соли равон 884 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба як соли пеш 303,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Маблағи қарз асосан аз ҳисоби корхонаҳои калон, аз ҷумла, фурудгоҳҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва дигар субъектҳо афзоиш ёфт. Аз тарафи мақомоти андоз нисбат ба 8690 андозсупоранда оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ қарор қабул гардид, ки дар муқоиса ба соли 2019 мутаносибан 2950 адад ва 208 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»