Аз нишастҳои матбуотӣ

Нақшаи буҷет 118 фоиз иҷро гардид

№ 10.08.2023

 35443459-уми августи соли 2023 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт нишасти матбуотӣ доир гашт.  Баҳри рушди иқтисодию иҷтимоӣ, беҳбуд бахшидани сатҳу сифати хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо чораҳои мушаххас андешидем, — изҳор дошт раиси ноҳия Умед Гуреззода.

Дар 6 моҳи аввали сол дар 177 коргоҳу корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 574,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,5 млн. сомонӣ ё 24,1 фоиз зиёд аст. Ба маблағи 2,3 млн. доллари ИМА маҳсулот ба хориҷӣ мамлакат содир гардид. Музди миёнаи маош дар ноҳия ба 2045 сомонӣ баробар шуд.

Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет, бе назардошти андози иҷтимоӣ 118 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 336,3 млн. сомонӣ ворид шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 66,8 млн. сомонӣ бештар аст.

Дар нимсолаи аввал ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 969 нафар барои дарёфти кор муроҷиат кард, ки 649 нафари он бо ҷои кор таъмин гардид. Аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ дар корхонаву муассисаҳо 4210 шаҳрванд бо ҷои кори доимӣ таъмин шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 198 нафар зиёд аст.

Дар ноҳия 48 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуд аст, ки 33-тои он муассисаи таълимии буҷетӣ ва 15-тоаш ғайрибуҷетӣ  мебошад. Шумораи умумии хонандагон ба 80028 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1818 хонанда зиёд мебошад. Теъдоди омӯзгорон 3041 нафарро ташкил намуда, ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон пурра таъминанд.

Н.НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»