Аз нишастҳои матбуотӣ

Нақшаи даромад ва чор намуди андоз иҷро нагардид

№22 (4762) 16.02.2024

8Соли 202З нақшаи даромади буҷет ба ҷои 50,6 миллион сомонии нақшавӣ 49,1 миллион сомонӣ иҷро шудааст, ки 97,0 фоизро ташкил медиҳад. Қисми хароҷоти буҷети шаҳр 96,1 фоиз иҷро гардида, нисбат ба нақшаи пешбинишуда 2,9 миллион сомонӣ кам мебошад. Нақшаи чор намуди андоз — аз даромад 15,0 миллион сомонӣ, арзиши иловашуда — 13,8, иҷтимоии ғайрибуҷетӣ — 7,7 ва тибқи низоми содакардашуда 378,1 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ, 37,6 миллион сомонӣ ба буҷет ворид нагардид. Ин нуктаро раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода 10-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 101,4 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Кишоварзон ба ҷои 976 гектари нақшавӣ дар майдони 985,2 гектар, аз ҷумла дар 536,2 гектар ғалладонагӣ, 104 гектар картошка, 36 гектар зироатҳои техникӣ, 30 гектар сабзавот ва 279 гектар алафҳои бисёрсолаи хӯроки чорво кишт карданд, ки ин нишондод 100,2 фоизро дар бар мегирад.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»м