Аз нишастҳои матбуотӣ

Нақшаи ниҳолшинонӣ 129 фоиз иҷро гардид

№96 (4836) 05.08.2024

7Бо мақсади иҷрои «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар доираи лоиҳаҳои татбиқшаванда ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ 19 500 метр қубури пластикӣ, 9470 бех дарахти мевадиҳанда, инчунин, 400 бех ниҳолҳои павловния ба шаҳру ноҳияҳои зерҳадаф дастрас шуд. Дар ин хусус муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳмонзода 25-уми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Дар нимсолаи якуми соли равон дар доираи «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» 827 қуттии махсуси ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ ва 138 нуқтаи муваққатии партовнигоҳдорӣ ба истифода дода шудааст.

- Баҳри сари вақт кашонидани партовҳо дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории дар назди кумита татбиқшаванда 36 мотороллери барқии партовкашон харидорӣ гардида, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои истифода дастрас шуд,- иброз намуд Лоиқ Раҳмонзода.

Бо мақсади коҳиш додани таъсири манфии партовҳои зарарнок ба муҳити зист аз ҷониби кумита се таҷҳизоти коркард ва безараргардонии фурӯзонакҳои симобдор харидорӣ гардида, дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва Исфара ба истифода дода шуд. Бо истифода аз таҷҳизоти мазкур то ин дам 474 ҳазору 99 фурӯзонаки симобдор безарар гардонида шудааст.

Лоиқ Раҳмонзода зикр намуд, ки дар мавсими ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024 дар мамлакат 3 миллиону 139 ҳазору 504 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шудааст, ки 129 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Инчунин, бо мақсади ободу зебо гардонидани кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишвар 14 миллиону 568 ҳазору 860 бех гулу буттаҳо шинонида, 266 ҳазору 647 метри мураббаъ майсазор шуд.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати зиёд намудани саршумори ҳайвоноти нодир дар мавзеи Резервати биосферии «Ромит» ва Парки табиии «Сари Хосор» парваришгоҳҳои гавазни бухороӣ ташкил шудааст.

Сайфидддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»