Аз нишастҳои матбуотӣ

Нафақаҳо бозҳисобӣ шуданд

№ 05.08.2023

D6B2F8A7-341A-41BC-92D8-A3779136437F_cx0_cy9_cw0_w1200_r1- Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2023 таҳти №526 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» нафақаи 748282 нафар бозҳисобӣ шуд,- гуфт 4-уми августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода. Дар натиҷа андозаи миёнаи нафақа ба 375,53 сомонӣ баробар гардид. Аз шумораи умумии нафақагироне, ки нафақаашон мавриди бозҳисобӣ қарор гирифт, 308996 нафар нафақаи меҳнатӣ, 250934 — нафақаи суғуртавӣ ва 188352 кас нафақаи иҷтимоӣ мегиранд.

Ба ҳолати 1-уми июли соли 2023 шумораи нафақагирон дар ҷумҳурӣ 768976 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 310279 шахс нафақаи меҳнатӣ, 268627 нафар нафақаи суғуртавӣ ва 190070 кас нафақаи иҷтимоӣ мегиранд.

Масъалаи дигар, ки мавриди баррасӣ қарор гирифт, таъмини нафақа ба шаҳрвандоне буд, ки берун аз мамлакат ва асосан дар Федератсияи Россия кор мекунанд. Зикр гардид, ки агентӣ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои ин шаҳрвандон дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар доираи ваколатҳои хеш ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя як силсила чорабиниҳоро ба анҷом расондааст.

Ҷиҳати татбиқи шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа «Созишномаи маъмурӣ байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия» ба имзо расид. Иттилоъ гирифтем, ки созишномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми июни соли 2023 таҳти №282 тасдиқ гардидааст.

Н.НИЗОМӢ,

«Садои мардум»