Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон аз оилаҳои камбизоат дар истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ 4,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 642 ҳазор сомонӣ (14,3 фоиз) зиёд аст.
Қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар давраи мавриди назар 2 миллиарду 22 миллион сомониро ташкил додааст.
Бо мақсади амалисозии саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулиҳо ба онҳо зиёд гардида, нафақаи 775 008 нафар, ки нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ мегирифтанд, индексатсия шуд.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»