Нафақаи кадом гурӯҳи нафақагирон зиёд мешавад?

№21 (4441) 15.02.2022

DSC_0615Зимни нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 7 феврали соли 2022 баргузор гардид, ин масъала мавриди таваҷҷуҳ қарор дошт. Директори агентӣ Дилмурод Давлатзода гуфт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 июли соли ҷорӣ нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақали нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд мешавад.

То 1 июли соли 2022 теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 749 817 нафар буда, аз ин шумора 157 779 нафар ё 21,04 фоизро нафақагирони маъюб ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод 16 891 маъюби гурӯҳи якум, 75 640 маъюби гурӯҳи дуюм ва 33 445 маъюби гурӯҳи сеюм мебошанд. Шумораи маъюбони аз овони кӯдакӣ то 18 — сола дар ҷумҳурӣ 31 803 нафарро ташкил медиҳад.

Роҷеъ ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои агентӣ дар соли 2021, аз ҷумла қайд гардид, ки дар ин давра ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, 3431,2 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ба 101,6 фоизи нақша баробар мебошад. Барои маблағгузории нафақа дар соли 2021-ум 3126,5 млн. сомонӣ харҷ гардида, талабот пурра таъмин шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли сипаришуда дар доираи идомаи ислоҳоти соҳа ва бо мақсади такмил додани низоми таъминоти нафақа қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтанд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»