16 феврали соли 2022 дар Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ — иҷтимоии Тоҷикистон» нишасти матбуотӣ доир гардид.
Ректори он, номзади илмҳои иқтисодӣ Заррина Ибодзода рӯзноманигоронро бо фаъолияти донишкадаи навтаъсис ошно намуд.
- Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ — иҷтимоии Тоҷикистон» нахустин боргоҳи олии ғайридавлатӣ буда, бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2020 таъсис ёфтааст. Он дар се факултет аз рӯи панҷ ихтисос ва Коллеҷи тиббии назди донишкада дар ду факултет аз рӯи ҳафт ихтисос мутахассис омода менамояд.
Профессорону омӯзгорони донишкада 158 нафар буда, аз ин 96 нафар омӯзгорони асосӣ мебошанд. Аз ҷамъи кормандони асосӣ 22 мутахассис дорои дараҷа ва унвони илмӣ буда, аз ин теъдод ҳашт доктори илми тиб ва 14 нафар номзади илм мебошанд, — гуфт сарвари донишкада.
- Шумораи донишҷӯёне, ки соли таҳсили 2021 — 2022 қабул шудаанд, 756 нафарро ташкил медиҳад. Аз 932 донишҷӯ 367 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Барои ба донишкада бештар ҷалб кардани духтарони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва бо воситаҳои ахбори омма корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон чор нафар ва аз Ҷумҳурии Ҳиндустон 11 кас дар донишкада таҳсил доранд.
Бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Академияи тиббии техникии Россия ва Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишгоҳи тиббии Украина» дар бахши корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва дигар самтҳои соҳаи тиб ҳамкории судмандро ба роҳ монда, минбаъд ин равандро тавсеа хоҳем бахшид, — гуфт Заррина Ибодзода.
Тиллои НЕКҚАДАМ,
«Садои мардум»