Аз нишастҳои матбуотӣ

Нахустин хатмкунандагони ДДСТДТ ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ карданд

№18 (3812) 10.02.2018

DSC_3921Соли 2017 гурӯҳи нахустини донишҷӯён Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро хатм намуданд. Аз миёни онҳо 34 нафар таҳсилро дар бахши магистратура идома дода, дигарон ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ карданд. Ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат 6 феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора иттилоъ дод.

- Имсол барои донишкада соли махсус аст, зеро бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Дар таълимгоҳ ҳунармандон, аз ҷумла, мусаввирон, ҳайкалтарошон, ороишгарон, заргару кандакорон, бофандагон ва чеварон омода карда мешаванд. Иқдоми мазкур ба коллективи устодону донишҷӯён илҳоми тоза бахшид, — иброз намуд Ҷамшед Ғанизода.

Тавре мушоҳида гардид, таълимгоҳи навтаъсиси кишвар бо қадамҳои устувор пеш рафта, дар чор соли фаъолият дар низоми таҳсилоти олии мамлакат мавқеи сазовор пайдо кардааст. Дар оғози соли гузашта сохтори донишкада аз факултет ва ҳафт кафедра иборат буд. Дар заминаи шуъбаи тайёрӣ моҳи сентябри соли 2017 факултети нав – тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ таъсис шуд. Айни ҳол  донишкада 1232 донишҷӯ дорад, ки 60 фоизи онҳо дар шуъбаи рӯзона ва 40 фоиз дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекунанд. Ба онҳо 163 омӯзгор таълим медиҳанд, ки 122 нафари онҳо кормандони доимӣ мебошанд.

 Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»