Дар нимсолаи якуми соли 2024 ба ҷумҳурӣ 463 ҳазору 739,4 тонна гандум ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43208,4 тонна зиёд мебошад. Дар ин хусус 31-уми июли соли равон муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода иттилоъ дод.
Номбурда зикр намуд, ки моҳҳои январ-июни соли 2024 дар мамлакат 263,7 ҳазор тонна орд истеҳсол шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 28,7 ҳазор тонна зиёд аст.
Дар ин муддат ба кишвар 104 ҳазору 486 тонна шакар ворид гардид, ки дар муқоиса бо соли сипаригардида 33 ҳазору 6 тонна зиёд мебошад. Аз ин 62,16 фоиз ба Федератсияи Россия, 19,61 — Беларус, 8,11 — Қазоқистон ва 10,12 фоиз ба дигар давлатҳо рост меояд.
- Бо мақсади муайян намудани сабабҳои болоравии нархи маҳсулот ва пешгирии баландшавии беасоси он Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар як қатор субъектҳои хоҷагидор санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронид, ки дар натиҷа қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3 миллион сомонӣ ошкор шуд,- иброз намуд Сафаралӣ Қурбонзода.
Таъкид гардид, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби хадамот нархномаи 70 намуд хизматрасонии пулакии муассисаву ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла 32 муассисаи тиббӣ ва 38 муассисаи таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои илмӣ, таҳлил ва мувофиқа шуд.
Тайи нимсолаи якуми соли 2024 дар ҷумҳурӣ 6792,07 тонна гӯшти мурғ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43,5 тонна зиёд мебошад. Нархи гӯшти парҳезӣ дар ин давра муътадил нигоҳ дошта шуда, 1 килограмми он аз 28 то 38 сомонӣ буд.
С. Наҷмиддиниён,
«Садои мардум»