Аз нишастҳои матбуотӣ

Нархи як халта орд дар соли 2016 аз 140 то 175 сомониро ташкил дод

№11(3648) 02.02.2017

DSC_0318Тибқи маълумоти оморию  гумрукӣ ба мамлакат асосан аз Ҷумҳурии Қазоқис­тон ғалла ва орд ворид мешавад. Дар соли 2016 ба ҷумҳурӣ 1034,1 ҳазор тонна гандум (нисбати соли 2015-ум 16,9 фоиз зиёд) бо нархи миёнаи 224 доллар ва 88,8 ҳазор тонна орд (нисбат ба як соли пеш 36,8 фоиз кам) бо нархи миёнаи 324 доллар барои 1 тонна ворид шудааст, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода.

Истеҳсоли орд дар корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ соли сипаригашта 587 383,2 тоннаро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба як соли пеш ба 96,5 фоиз баробар аст. Воридоти орд ва гандум бештар ба вилояти Суғд рост меояд. Аз ин лиҳоз, нархи орд дар бозорҳои вилояти Суғд нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ фарқ мекунад. Арзиши як халта орди навъи якум бо гандуми воридотии Ҷумҳурии Қазоқистон дар корхонаҳои истеҳсолии вилояти Суғд аз 140 то 155 сомонӣ ва навъи дуюм 132,5 сомониро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки амалиёти хариду фурӯши орд дар бозорҳои хориҷи кишвар бо доллари ИМА сурат мегирад. Аз ин нуқтаи назар арзиши як халтаи 50 кг ба 16,2 доллари ИМА баробар аст. Бар замми ин, хароҷоти нақлиётӣ, боркунӣ, борфарорӣ ва даромади субъекти хоҷагидор ба ҳисоб гирифта мешавад. Бо дарназардошти ин ҳама, дар анборҳои фурӯши яклухти шаҳри Душанбе нархи як халта орди истеҳсоли ватанӣ бо иловаи хароҷоти ҷорӣ то 10 сомонӣ баланд мешавад. Нархи миёнаи як халта орд соли 2016 дар ҷумҳурӣ, вобаста ба минтақаҳо, аз 140 то 175 сомониро дар бар гирифт.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»