Аз ҷониби кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ мақолаҳо, китобҳо ва тафсири як қатор қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ва китоби «Ҳуқуқи Тоҷикистони муосир» қисми 5 таҳия ва чоп гардиданд. Ин нуктаро муовини якуми директори маркази мазкур Субҳиддин Баҳриддинзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 23 июли соли равон баргузор гардид, зикр кард.
Субҳиддин Баҳриддинзода афзуд, ки Маркази миллии қонунгузорӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати қонунҳо, бартараф кардани мухолифат, номутобиқатӣ ва холигии байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо ба 47 лоиҳаи қонун, созишномаҳои байналмилалӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 465 пешниҳод ва хулосаи ҳуқуқӣ дод, 130 мақолаи кормандони марказ дар нашрияҳои гуногун ва ду шумораи маҷаллаи илмию таҳлилии «Қонунгузорӣ» ба нашр расид. Маҷаллаи «Қонунгузорӣ» моҳи майи соли равон ба Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандае, ки дар онҳо бояд натиҷаҳои асосии таҳқиқоти диссертатсионӣ аз рӯйи самти омода кардани докторони фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, номзадҳои илм ва докторҳои илм ба чоп расонида шаванд, ворид карда шуд.
Инчунин, зикр гардид, ки таҳия ва нашри тафсири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва тафсири Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист.
Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»