Аз нишастҳои матбуотӣ

Насим Олимзода: «Соли гузашта аввалин бор пайвандсозии мағзи устухон ба роҳ монда шуд»

№20 (3814) 15.02.2018

министр здравоохранения- Соли гузашта ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш усулҳои нави табобатии  ба дастовардҳои тибби муосир асосёфта роҳандозӣ гардиданд.  Аз ҷумла, бори аввал дар Осиёи Марказӣ дар 3 нафар амалиёти пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шуд. Ҳамчунин, ба 20 бемор амалиёти ҷарроҳӣ ҳангоми хунрезии майнаи сар гузаронида шуд, ки натиҷаҳои он мусбат мебошад, — изҳор дошт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода 9 феврал зимни нишасти матбуотӣ.

Номбурда, ҳамчунин афзуд, ки дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ иваз намудани буғуми зону ба буғуми сунъӣ низ роҳандозӣ шуд. Бино ба эътирофи ӯ, саҳми олимони тиб дар рушди соҳа назаррас гардидааст, зеро аз ҷониби онҳо дар ҷумҳурӣ 87 намуди ҷарроҳӣ анҷом ёфт, ки қаблан берун аз кишвар амалӣ мешуд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2017 барои баргузории чорабиниҳои зидди бемории сил зиёда аз 20 миллион сомонӣ масраф шуд. Бо мақсади таъмини шаффофият, вусъат додани ташхиси тиббию иҷтимоии маъюбон ва чораҳои солимгардонӣ муоинаи 37900 шаҳрванд гузаронида, маъюбии 4353 нафар қатъ карда шуд. Бино ба гуфти ӯ, дар муассисаҳои тандурустии кишвар 208096 зани ҳомила аз ташхиси ултрасадо гузашта, 1380 нуқсони дохилибатнии тифл дар давраи барвақти ҳомиладорӣ дарёфт ва ҳомиладории 729 нафар қатъ карда шуд, ки ин омил боиси пешгирии таваллуди ҳамин миқдор кӯдаки маъюби модарзод гардид.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»