- Бинобар сабаби аз ҷониби обистифодабарандагон, хусусан, хоҷагиҳои деҳқонӣ, пурра пардохт накардани маблағи обрасонӣ, соли гузашта бақияи қарз 9,3 миллион сомонӣ ва бо дарназардошти солҳои пешин 144, 6 миллион сомониро ташкил намуд, ки боиси афзоиши қарзҳои дебиторӣ ва кредиторӣ гардид, — гуфт директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Холмурод дар нишасти матбуотӣ, ки 9 феврали соли 2021 баргузор гардид.
Идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо бо 61050 истифодабаранда шартнома ба имзо расонида, ба онҳо 4 миллиарду 109,9 миллион метри мукааб обро бо арзиши 78,18 миллион сомонӣ расониданд. Мутаассифона, истифодабарандагон 68,5 миллион сомонӣ пардохт намуданд.
Аз тариқи пойгоҳҳои обкашӣ бо истифодаи як миллиарду 387,7 миллион кВт/соат неруи барқ, 5 миллиарду 265,3 миллион метри мукааб об бароварда шуд.
Сабаби асосии дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик» афзоиш ёфтани қарзи идораҳои давлатии зертобеи Агентиро Раҳмон Холмурод ба будани тарифи обрасонӣ ва пайваста баланд гардидани арзиши неруи барқ рабт дод.
Дар доираи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020», ки муҳлати татбиқи он ба охир расид, дар ҷумҳурӣ 13927 гектар замин аз худ шуда, 20206 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор гардид.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»