- Таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар нимсолаи аввали соли 2024-ум 5 лоиҳа таҳия гардид,- изҳор дошт 26-уми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ директори марказ Изатулло Саидзода.
Гузаронидани таҳқиқотҳои илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ яке аз вазифаҳои асосии ин ниҳод ба ҳисоб рафта, вобаста ба ин кормандон 48 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва машваратро дар мавзуъҳои гуногун иншо ва дар маҷаллаҳои илмии ватанию хориҷӣ, сомонаи марказ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуданд.
Ҳамчунин, дар нимсолаи аввали соли равон 4 таҳқиқоти муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» бо қонунгузории ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Беларус ва Федератсияи Россия, гузаронида шуд.
Илова бар ин, маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ», тафсири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (нашри аввал), «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Танзими ҳуқуқии бозори хизматрасонии фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Функсияи экологии Тоҷикистон дар шароити муосир» нашр гардиданд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»