Аз нишастҳои матбуотӣ

Никоҳ каму талоқ зиёд шуд

№11(3648) 02.02.2017

DSC_0338Умри миёнаи шаҳрвандони мамлакат 73,6 солро ташкил дода, дар кишвар 360 нафар шахсони синни аз 100 боло зиндагӣ доранд.  То якуми январи соли 2017 шумораи аҳолии ҷумҳурӣ 8742182 нафарро ташкил дода, афзоиши аҳолӣ аз рӯйи маълумоти пешакӣ  нисбат ба як соли пеш  1,4 фоиз кам шудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли ҷорӣ иттилоъ доданд.

Директори Агентӣ Гулнора Ҳасанзода  гуфт, ки дар моҳҳои январ-декабри соли 2016 мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 230,3 ҳазор кӯдаки нав­зод ва 33 ҳазор нафар шахси фавтидаро ба қайд гирифтааст.  Дар ин давра 72,4 ҳазор ҷуфт ақди никоҳ бастаанд, ки нисбат ба як соли пеш 5,9 фоиз кам мебошад. Аз ин миқдор 308 никоҳи миёни хешу таборони наздик иттифоқ афтодааст.  Соли сипаришуда талоқ 6,7 фоиз афзоиш ёфта, 8856 воҳидро ташкил додааст.              Гулнора Ҳасанзода афзуд, ки  барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ  ва фонди манзил дар ҷумҳурӣ соли 2020 гузаронида мешавад ва барои ин созишнома бо Хазинаи нуфузи СММ ба тасвиб расидааст. Бино ба гуфти ӯ, яке аз навовариҳое, ки дар барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил пешбинӣ шудааст, доир намудани пурсиши интернетӣ мебошад.

Шариф СОЛЕҲ, «Садои мардум»