Аз нишастҳои матбуотӣ

Никоҳ зиёду талоқ кам шуд

№ 09.08.2023

108112439_2748438585388509_5100298079474574968_n8-уми августи соли равон нишасти матбуотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2023 доир гашт.

Масъулини Вазорати адлия иттилоъ доданд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёдшавии никоҳу коҳиши талоқро ба қайд гирифтаанд.

- Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ наздики 5 ҳазору 400 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 1,9 ҳазор ҳолат ва ё худ 26 фоиз камтар мебошад,- гуфт вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён.

Номбурда афзуд, ки дар коҳиши талоқ нақши кормандони мақомоти адлия низ ҳаст, чун корҳои таблиғотиро барои ҷилавгирӣ аз пошхӯрии оилаҳо пеш мебаранд. Кормандони Вазорати адлия ва сохторҳои зертобеи он дар маҷмӯъ 6088 корҳои тарғибу ташвиқӣ, аз ҷумла 4553 вохӯрию суҳбат, тавассути телевизион ва радио 367 мақола дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба нашр расониданд.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ин муддат беш аз 32,8 ҳолати никоҳро ба қайд гирифтаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 ҳазор адад зиёд мебошад.

Дар мавриди сабти таваллуд ва вафот бошад, иттилоъ доданд, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 108 ҳазор ҳолати сабти тавваллуд ва беш аз 17 ҳазор ҳолати вафот ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондод гувоҳи он аст, ки сабти таваллуд 3 фоиз коҳиш ёфта, сабти фавт зиёд шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ба маълумоти масъулин аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар давраи ҳисоботӣ 216 ҳазору 133 санад ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3855 адад кам мебошад.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»