Нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», ки 29-уми январи соли 2024 доир шуд, аз нишастҳои қаблӣ фарқ дошт. Он ба таври саёҳат-ошноӣ ба бинои нави замонавии «Телевизиони Сафина» доир шуд.
Директори муассиса ва ҳайати эҷодӣ аз ошёнаи якум то ошёнаи панҷум рӯзноманигоронро роҳбаладӣ карда, имконият фароҳам оварданд бо рафти кор, сабти барномаҳо, пахши мустақими барномаҳои иттилоотӣ, дубляжи филмҳои бадеӣ, монтаж, ороиш ва дизайни саҳнаҳои барномаҳои телевизионӣ, бойгонӣ, китобхона, истироҳатгоҳи кормандони навбатдор, павилонҳои зебову барҳаво ва дастгоҳҳои сабткунии муосир аз наздик шинос шаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки бинои замонавии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»-ро 13-уми декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди барҳрабардорӣ қарор доданд. Дар бинои нав 8 студияи муҷаҳҳазу барҳаво барои сабти барномаҳои гуногун дар ихтиёри кормандон гузошта шудааст. Барои барномаҳои иттилоотӣ-таҳлилии «Субҳ ба хайр, Тоҷикистон» студияи алоҳида бо дизайни нав бунёд гардид. Барномаи мустақими иттилоотӣ — таҳлилии «Навид» ҳар рӯз 6 нашр бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ба эфир баромада, студияҳо бо таҷҳизоти нав таъмин мебошанд.
- Солҳои пеш барои ин ё он барнома саҳнаҳои алоҳида (бутафор) сохтан лозим буд, ки масолеҳу меҳнати зиёдро талаб мекард. Ҳоло ин корро як нафар рассом-дизайнер дар компютер ба зудӣ ва сифати баланд анҷом медиҳад, — иброз дошт директори муассиса Носир Саидов.
Иттилоъ гирифтем, ки соли сипаригашта идораи таҳия ва дубляжи филмҳои муассиса 60 филми бадеиро аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дубляж кардааст.
Тиллои НЕКҚАДАМ,
«Садои мардум»