Қариб се ҳазор корманди БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба 23 ҳазор корхонаю ташкилот, 783 ҳазор нафар нафақагир, 1,7 млн. пасандозгузор хизмат мерасонанд. Раиси раёсати бонк Сироҷиддин Икромӣ фаъолияти бонкро бо далелҳои муътамад шарҳу тавзеҳ дода, минҷумла гуфт, ки дороиҳои бонк 5 млрд. сомонӣ ва уҳдадориҳо 4,4 млрд. сомониро ташкил медиҳанд. Инчунин, пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд қарор дошта, маблағ сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуд.
23,5 фоиз афзудани сармоя ва ба 606 миллиону 900 ҳазору сомонӣ баробар шудан дастоварди дигари роҳбарият ва кормандони ин сохтори молиявӣ маҳсуб мешавад. Раиси раёсат, аз он ки даромади софи бонк 42,6 миллион сомониро ташкил намуда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 27,8 фоиз зиёд шудааст, қаноатманд аст. Баҳри истифодаи технологияи қабули андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ аз аҳолӣ Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои хизматрасонии филиалҳои «Амонатбонк» барномаи «Қабули пардохтҳо» фаъол аст. Фаъолияти «Амонатбонк» дар самти дарёфти сарчашмаҳо барои пешниҳоди қарзӣ рӯз аз рӯз васеъ гардида, бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ 3 миллиарду 6 миллион сомониро ташкил дод.
Дар раванди саволу ҷавоб маълум гардид, ки роҳбарияти «Амонатбонк» баҳри зиёд намудани пешниҳоди қарз ба соҳибкории истеҳсолӣ, бахусус маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фаъоланд.Сандуқи қарзии бонк 1,6 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин ба соҳаҳои саноат 14,7 фоиз, кишоварзӣ — 21,5, истеъмолӣ — 19,8, сохтмон — 1,8, тиҷорат — 40,1, нақлиёт — 0,4 ва хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ) 1,7 фоиз рост меояд.
Иттилоъ гирифтем, ки баҳри тавсеаи пардохти ғайринақдӣ низ корҳои зиёд амалӣ гардида, шумораи дорандагони кортҳои пардохтӣ ба 1 миллиону 510 ҳазор нафар расида, дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии постерминалҳо 738 постерминал насб шуд.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»