Аз нишастҳои матбуотӣ

Нишондиҳандаи баландтарин дар 17 соли охир

№17-18 (4437-4438) 08.02.2022

CTX_6978- Соли 2021 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 98,9 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он 9,2 фоизро ташкил дод, ки нишондиҳандаи баландтарин дар 17 соли охир ба ҳисоб меравад. Ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ низ рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2021 нишондиҳандаи баландтарин дар минтақа арзёбӣ намуданд, — изҳор намуд вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Завқизода Завқӣ 2 феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ.

Бино ба иттилои вазир, соли гузашта дар соҳаи саноат ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии ­босуръати кишвар, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави кор 309 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ (аз ҷумла 162 корхонаи саноатӣ) бо 5130 ҷойҳои кор (2139 дар корхонаҳои саноатӣ) мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 38826,1 млн. сомонӣ баробар гардида, суръати рушди он 22 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020-ум 12,3 банди фоизӣ зиёд мебошад. Соли 2021 дар ҳама шакли хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 39769,4 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2020-ум 6,6 фоиз зиёд мебошад. Содироти мол 2149,6 млн. долларро ташкил намуд, ки нишондиҳандаи баландтарин дар таърихи соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, нисбат ба соли 2020 — ум 52,8 фоиз ё 742,7 млн. доллар афзоиш ёфтааст ва воридоти мол 4209,5 млн. долларро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 1058,6 млн. доллар ё 33,6 фоиз зиёд гардидааст.

Ҳамчунин, соли сипаришуда дар самти таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаю дурнамо корҳои назаррас анҷом ёфтанд. Чунончӣ, бо мақсади таъмини суботи макроиқтисодӣ, кам кардани вобастагии иқтисоди миллӣ аз таъсири омилҳои манфии беруна, баланд бардоштани рақобатпазирии он ва диверсификатсияи истеҳсолот аз ҷониби мутахассисони вазорат лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025» таҳия гардид, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2021 таҳти №441 тасдиқ шуд. Дар баробари ин «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025» қабул гардида, мавриди амал қарор доранд. Инчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Завқизода Завқӣ масъалаҳои татбиқи Равзанаи ягона оид ба содагардонии амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзити молу маҳсулот, шомилшавии кишвар ба Низоми умумии бархӯрдории тиҷорати Иттиҳоди Аврупо (GSP+), фаъолият дар узвияти Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС), минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳуриро низ шарҳу тавзеҳ дод.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»