- Дар моҳҳои январ — июни соли 2021 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) Тоҷикистон 39,9 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,7 дарсадро ташкил дод, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли 2020-ум 5,2 банди фоизӣ зиёд ва дар 5 соли охир нишондиҳандаи баландтарин мебошад, — иттилоъ дод вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни нишасти матбуотӣ.
Бино ба гуфти ӯ, рушди ММД асосан аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ, гардиши савдои дохилӣ, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ, мусофиркашонӣ ва гардиши савдои хориҷӣ таъмин гардид.
Сатҳи таваррум дар нимсолаи якуми соли 2021-ум 3,9 дарсадро ташкил намуд, ки аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ (5,1 дарсад), молҳои ғайриозуқа (3,1 дарсад) ва тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ (1,6 дарсад) ташаккул ёфт.
- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби афроди лаёқатманд ба навовариву ихтироъкорӣ, тарғибу ташвиқи соҳа, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварони ҷумҳурӣ, ҳамчунин, ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2020» баргузор гардид. Дар он 51 нафар бо пешниҳоди 117 ихтироъ иштирок намуда, тибқи қарори Комиссияи озмун 2 нафар бо медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва ташкилоти патентии АвруОсиёгӣ, 3 кас бо «Нишони фахрӣ» ва 4 нафар бо «Нишон»-и Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» қадрдонӣ гардиданд, — зикр кард вазир.
Инчунин, бо мақсади баланд бардоштани мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди миллии Тоҷикистон» баргузор гардида, ду ғолиби асосӣ ва 10 нафари комёб муайян шуданд.
Ҳоло дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) 76 ширкати ватанию хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 31 субъект ба МОИ «Суғд», 28 — «Данғара», 11 — «Панҷ», 5 — «Ишкошим» ва 1 субъект ба МОИ «Кӯлоб» рост меояд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»