- Дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарикони рушд дар доираи як лоиҳа то се соли оянда аҳолии ноҳияи Дӯстӣ пурра бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегардад, — гуфт раиси ноҳия Даврон Нишонзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 7 августи соли 2023 баргузор гардид.
Маблағи амалишавии лоиҳаи мазкур 45 миллион долларро дар бар гирифта, аллакай корҳои сохтмонӣ дар ин самт оғоз гардидааст.
Зикр шуд, ки дар ноҳия айни ҳол 126 ҳазор аҳолӣ умр ба сар мебаранд, ки аз ин шумора танҳо 0,6 фоизи он бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мебошанд. Баъди амалишавии ин лоиҳа аҳолии ноҳия пурра бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд. Ҳатто дар дурдасттарин деҳоти ноҳия – деҳоти Навзамин, ки аз маркази ноҳия ба масофаи 30 километр дур ҷойгир аст хати оби нӯшокӣ кашида мешавад.
Вобаста ба суоли хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» перомуни ҷалби сармояи хориҷӣ раиси ноҳия иттилоъ дод, ки дар давраи сипаригардидаи соли равон дар якҷоягӣ бо ҷалби сармояи соҳибкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳия як корхонаи дӯзандагӣ бунёд гардид, ки беш аз 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия барои таъмини сару либоси мактабӣ шартнома бастааст. Ҳамчунин бо ҷалби сармояи соҳибкорони маҳаллӣ зодаи ин ниҳоя, ки айни замон дар Федератсияи Россия кору фаъолият доранд бояд 3 километр роҳҳои маҳаллии ҳудуди ноҳия пурра таъмир карда шаванд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»