Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода зимни нишасти матбуотӣ, ки 27 июли соли ҷорӣ баргузор гардид, гуфт: То соли 2024 ноҳияи Ҷайҳун пурра аз маблағҳои субвенсионии вилояту ҷумҳурӣ даст мекашад.
Қайд гардид, ки бо мақсади амалигардонии ин иқдом дар ноҳияи бунёди парки технологӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар он зиёда аз 10 коргоҳу корхонаи саноатӣ сохта мешаванд.
Ҷиҳати бунёди парки технологӣ замини сохтмон муайян гардида, соҳибкорон барои бунёди корхонаҳо ҷалб гардидаанд.
Дар баробари бунёди парки технологӣ, инчунин дар доираи нақша – чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 504 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 34 адад корхонаҳои истеҳсолӣ мебошанд.
Ҳамчунин, дар давоми панҷ соли оянда дар ноҳия бунёди 113 гармхона барои парвариши меваҳои ситрусӣ ва қулфинай, панҷ сардхона ва ду корхонаи истеҳсоли шарбат ба нақша гирифта шудааст, ки барои пурра худкифо шудани ноҳия мусоидат хоҳанд кард.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»