- Соли 2017 барои мардуми ноҳияи Рӯдакӣ фаромӯшнашаванда аст. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се маротиба бо сафари корӣ ба ноҳия ташриф оварданд. Бори аввал, 3 октябр, дар маросими ифтитоҳи муассисаи таълимии № 59, воқеъ дар маҳаллаи Гулбутаи деҳоти «Чимтеппа», бори дуюм, 26 октябр, дар маросими оғози Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Қӯрғонтеппа, бори сеюм, 19 декабри соли 2017, дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолӣ – саноатии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар деҳоти «Чимтеппа» иштирок ва суханронӣ намуда, мардуми ноҳияро ба бунёдкориву созандагӣ даъват карданд, — гуфт раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ зимни нишасти матбуотӣ, ки 31 январи соли ҷорӣ баргузор гардид.
Мардум ташрифи Пешвои миллатро фоли нек дониста, бо рӯҳияи баланд меҳнат карда, дар бахши кишоварзӣ ба комёбиҳо ноил гардиданд.
Дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба маблағи 574 миллиону 670 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2016 –ум 19 миллиону 538 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Аз ҷумла, ғалладона 46523 тонна, картошка — 12245, сабзавот — 68638, полезӣ — 2579, мева — 6631, ангур 2349 тоннаро ташкил дод.
То кунун дар 3372 гектар замин зироати ғалладонагӣ, 149 гектар сабзавот ва 46 гектар картошка кишт карда шудааст.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба 99,5 фоиз ва нақшаи хароҷоти он ба 98,9 фоиз расида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли гузашта бо нархи аслӣ 40 фоиз афзоиш ёфт. Ҷиҳати дастгирии аҳолӣ ва соҳибкории хурду миёна аз ҷониби ташкилоти қарзӣ барои рушди соҳибкорӣ ба 6250 нафар ба маблағи 45 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ва соҳаи кишоварзӣ ба 650 нафар ба маблағи 8 миллиону 800 ҳазор сомонӣ қарз дода шуд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»