Муовини якуми раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуаҳад Саидмуродзода зимни нишасти матбуотӣ (2 августи соли 2022) зикр кард, ки шашмоҳаи аввали соли 2022 дар ҳама самти иқтисодию иҷтимоии ноҳия дастовардҳо назаррасанд. Аз ҷумла, нақшаи қисми даромади буҷет — 125 фоиз, қисми хароҷоти буҷет — 92,8 ва нақшаи андози иҷтимоӣ 106 фоиз иҷро гардида, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба 107 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 119,8 фоиз баробар гардидааст.
Ӯ ва дигар масъулон аз дастовардҳо, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, сохтмони марказҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимию тиббӣ, таъмири роҳҳо, бунёди корхонаҳои саноатӣ ҳарф заданд, вале аз камбудиҳо ёдовар нашуданд.
Хабарнигори рӯзнома аз масъулин сабаби бо оби полезӣ таъмин нагардидани заминҳои корам ва наздиҳавлигии сокинони деҳоти «Гулистон» ва «Лоҳур» ва оид ба иҷро нагардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №626 аз 2 ноябри соли 2012 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб» дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакиро пурсон шуд.
Масъулон сабаби мушкилоти беобӣ дар деҳоти «Гулистон», сари вақт аз шаҳри Ваҳдат тавассути канали Оққурғон ҷорӣ нагардидани об, паст гардидани оби дарёи Кофарниҳон ва баланд мондани канали мазкур аз сатҳи дарё ва бе об мондани 350 гектар замини корам ва наздиҳавлигии сокинони деҳоти мазкурро шарҳ доданд.
- Соли 2021 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, заҳматҳои шабонарӯзии кормандони Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва дастгирии сокинон канали Лоҳур, ки дар 35 сол рӯи таъмирро надида буд, бо дарозии 35 километр аз таъмир бароварда шуда, беш аз 1200 гектар замини корами обӣ ва наздиҳавлигии сокинони деҳот шодоб шуда, ҳосили хуби зироатҳои кишоварзӣ парвариш ёфт, — гуфт ӯ.
Пас чӣ боис гардид, ки имсол аз оғози мавсими обёрӣ канали Лоҳур бе об монда, кишти баҳорӣ пурра хушк гардид? Имрӯзҳо кишти такрорӣ дар ҳолати анҷомёбист, оқибати он чӣ мешавад? Масъулони ноҳия чунин вазъи мушкилотро низ дар сатҳи пасти оби дарё рабт доданд. Ҳол он ки оби канали Лоҳур ба дарёи Кофарниҳон вобастагӣ надорад. Ҳақиқати ин мушкилот дар чист?
Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб» дар шаҳраки Мирзо Турсунзода (раисаш Анвар Шарипов) чор деҳоти ноҳия — «Чоряккорон» (раисаш Зулайхо Негматова), «Сарикиштӣ» (раисаш Олимҷон Каримов), «Чоргултеппа» (раисаш Гулсун Холова), «Зайнабобод» (раисаш Сабоҳат Ризозода) на танҳо посух надоданд, балки дар бораи қарори мазкур маълумот пайдо карда натавонистанд. Зеро дарёҳои Кофарниҳон, Элок ва канали Ҳисор аз деҳоти мазкур мегузаранд ва сокинон партовҳои гуногунро дар соҳилҳо мепартоянд. Ҳол он ки иҷрои қарор ва назорати он ба дӯши раисони шаҳраку деҳот вогузор аст.
Муовини якуми раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуаҳад Саидмуродзода ҷой доштани камбудиҳоро тасдиқ намуда, гуфт, ки дар ҳақиқат беобӣ дар ду деҳоти ноҳия ва иҷрои талаботи қарори мазкур ҷиҳати сари вақт аз байн бурдани партовҳои бесоҳиб беаҳамиятӣ дида мешавад. Ӯ масъулони идораҳои дахлдор ва раисони деҳотро барои бартарафсозии мушкилиҳо вазифадор кард.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»