02- Дар шаш моҳи аввали соли 2021 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 23 миллиону 966 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 миллиону 282 ҳазор сомонӣ зиёд аст, — изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ (30 июл) иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Гулзода Зафар.
Инчунин, 10 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ фаъолияти густурда доштанд ва бо мақсади рушди соҳа ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ду корхонаи саноатӣ, аз ҷумла, корхонаи коркарди шир ва корхонаи коркарди маҳсулоти қаннодӣ рӯзҳои наздик ба истифода дода хоҳанд шуд.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 49 миллиону 39 ҳазор сомонӣ баробар шуда, кишоварзон дар 13 ҳазору 262 гектар кишт гузарониданд, ки 11041 гектарашро ғалладонагӣ, 305 — зироатҳои техникӣ, 304 — картошка ва 100 гектарро сабзавот ташкил медиҳад.
- Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдкориву созандагӣ идома дошта, то ҳол 156 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»