Аз нишастҳои матбуотӣ

Ноҳияи Шоҳмансур. Ба 6924 оила кумак расониданд

№23 (4285) 20.02.2021

raisДар ин бора 16 феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маълумот дода шуд. Соли 2020 иҷрои ҳаҷми умумии даромад аз ҳисоби андозсупорандагон дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 101,7 фоиз таъмин гардида, корхонаҳои саноа­тӣ, бо назардошти бахши ғайридавлатӣ, ба маблағи 336 757 900 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.

Раиси ноҳия  Билол Иброҳим аз он ёдовар шуд, ки охири соли гузашта бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳия  корхонаҳои истеҳсолии маҳсулоти ордӣ ва қаннодӣ,  истеҳсоли равған, яхмосбарорӣ ва чанд иншооти дигар мавриди истифода қарор гирифт, ки қадами устувор дар роҳи амалӣ гаштани ҳадафи чоруми стратегӣ — рушди босуръати саноати мамлакат мебошад.

Зикр гардид, ки дар соҳаҳои нақлиёт, хизмати маишӣ низ натиҷаҳои назаррас ба даст омада, муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ соли гузашта 3 992 100 тонна бор кашониданд, ки ба 140,1 фоизи нақша баробар аст.

Инчунин, 5405 соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шуданд, ки нисбат ба соли 2019-ум 63 нафар зиёд мебошад.

Ба саволи вобаста ба баррасии муроҷиати шаҳрвандон посух дода, раиси ноҳия Билол Иброҳим аз ҷумла, гуфт, ки соли 2020 ба мақомоти иҷроия 939 дархости шаҳрвандон ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина ба 6 ҳазору 924  оила кумак расонида шуд.

Б. ИСМАТУЛЛО,

 «Садои мардум»