- Соли 2021 дар ҳама шакли хоҷагидории ноҳияи Темурмалик ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 371876,8 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11759 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт раиси ноҳияи Темурмалик Шералӣ Ҳасанзода, зимни нишасти матбуотӣ 17 феврали соли 2022.
Ӯ, афзуд, ки соли 2021 хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар 16038 гектар кишти зироатҳоро ба роҳ монданд, ки аз он 13 ҳазору 742 гектар ғалладона, 983 гектар зироатҳои техникӣ, 223 — картошка, 270 — сабзавот, 470 — зироатҳои полезӣ ва 350 гектарро хӯроки чорво ташкил медиҳад.
Инчунин, соли гузашта истеҳсоли ғалладона ба 35113 тонна, сабзавот — 6755, картошка — 3221, мева — 2007, ангур — 2716 ва полезӣ ба 8079 тонна расид.
Дар ҳама бахши хоҷагидории ноҳия айни ҳол 38108 сар чорвои калон, 108878 сар бузу гӯсфанд, 3750 сар асп ва 45663 сар паранда парвариш меёбад.
- Соли 2021 гӯшт 6735 тонна, шир — 7740, пашм — 338, асал — 42,7, моҳӣ — 2, пилла 3 тонна ва тухм 2329,2 ҳазор дона истеҳсол гардид. Корхонаҳои саноатии ноҳия соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 16640,0 ҳазор сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 10,5 фоиз зиёд мебошад, — гуфт Шералӣ Ҳасанзода.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»