Аз нишастҳои матбуотӣ

Номаълум аст, ки «Фарфори тоҷик» ва «Эфиранос» кай ба фаъолият оғоз менамоянд?

№20 (3970) 19.02.2019

DSC01657- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷиҳати иҷрои қисми даромади буҷет соли 2018 чораҳои зарурӣ андешид ва нақшаро 102,1 фоиз иҷро намуд. Қисми хароҷот вобаста ба иҷрои қисми даромад 98,1 фоиз таъмин гардид, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ (12 феврали соли 2019) раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода.

Зикр шуд, ки ҷиҳати дастгирии аҳолӣ ва соҳибкории хурду миёна аз тарафи филиали бонкҳо ва ташкилоти қарздиҳии хурд ба 20397 нафар 182,7 миллион сомонӣ қарзҳои хурд ҷудо гардид, ки нисбат ба соли 2017-ум 52,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба маблағи 597,8 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд, ки назар ба соли пеш 67,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Кишоварзон 38891 тонна ғалладона, 92899 тонна сабзавот, 8776 тонна картошка, 5198 тонна мева ва 25748 тонна ангур ҷамъоварӣ намуданд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, новобаста аз он, ки аз 49 корхонаи саноатӣ ҳафт корхона пурра фаъолият надошт ва шаш корхонаи дигар истеҳсоли маҳсулотро кам кард, 826,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 107,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Ду корхонаи бузурги саноатӣ — «Фарфори Тоҷик» ва «Эфиранос» (истеҳсоли равғани эфир) солҳо боз аз фаъолият мондаанд.

Масъулини шаҳр гуфтанд, ки «Фарфори Тоҷик» ба ҶДММ «Вежа» табдил ёфта, соли гузашта ба маблағи 318 ҳазор сомонӣ маҳсулоти сафолин истеҳсол кардааст, вале Корхонаи истеҳсоли равғани эфир — «Эфиранос» бо сабаби муфлисшавӣ ва хусусӣ шудану аз байн рафтани парвариши геран то ба ҳол фаъолият надорад.

Абдуқодир Вализода, ҳамчунин иброз дошт, ки барои баланд бардоштани некуаҳволии сокинон, дастрасии онҳо ба хизматрасонии коммуналӣ, безараргардонии партовҳо ва барқароркунии системаи иншооти обтаъминкунӣ ду лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ гардида истодааст. Моҳи октябри соли 2013 шартномаи сеҷониба дар бораи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Турсунзода» ба маблағи 4 миллиону 996 ҳазор доллари ИМА ба имзо расида буд, ки азхудкунии он то ҳол ба 70 фоиз баробар мебошад. Инчунин, 95 фоизи маблағҳои лоиҳаи беҳтарсозии вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ барои солҳои 2007- 2020, ки 6,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аз худ карда шудааст.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»