Аз нишастҳои матбуотӣ

Норак. 152 иншоот ба истифода дода шуд

№21 (4283) 16.02.2021

dav- Соли равон корхонаҳои саноатии шаҳри Норак ба маблағи 2,4 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 67 миллион сомонӣ зиёд аст, — изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ нуҳуми феврали соли 2021 раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода. Зикр шуд, ки соли сипаришуда бо мақсади таъмин намудани шаҳрвандон ба ҷойи кори доимӣ дар шаҳр 4 коргоҳи истеҳсолӣ, аз ҷумла, коргоҳи истеҳсоли нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, хишт ва мебел мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Қисми даромади буҷет дар ин давра 101 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 54,9 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақшаи пешбинишуда 801,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Қарзи андоз ба 2,8 миллион сомонӣ расидааст, ки 687,2 ҳазор сомонии онро қарзи андози иҷтимоӣ ташкил медиҳад.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 77,9 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 — ум 11,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра ба шаҳри Норак 100083 меҳмон ташриф оварда, шаҳрро тамошо карданд, ки 83 нафарашон аз хориҷи кишвар мебошанд.

- Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёд ва навсозии 193 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, дар 152 адади он корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст, — зикр кард Дилшод Асозода.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»