Дар ноҳияи Рӯдакӣ иҷроиши буҷети ноҳия аз рӯи контингент дар нимсолаи якуми соли равон 105 миллиону 981 ҳазор сомонӣ ё 106 фоиз иҷро гардид. Қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз ва қисми хароҷот 93,3 фоиз, нақшаи андози иҷтимоӣ бошад 98 фоиз иҷро гардид. Дар ин бора раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода 14 августи соли 2023 зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод.
-Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 76,5 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ -108,8 фоиз, неруи барқ -106,9 фоиз иҷро гардида, корҳои сохтмонию пудратӣ 3,5 фоиз коҳиш ёфтааст. Қарздорӣ ва ба таъхир мондани пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия ва пардохти андози иҷтимоӣ вуҷуд надорад, -гуфт ӯ.
Тибқи гузориши раиси ноҳия, дар нимсолаи якуми соли равон кишоварзон 22838 тонна ғалладона, 11527 картошка, 15972 сабзавот ва 2449 тонна меваҷот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ғалладонагиҳо 36,7 фоиз, картошка 15,4 сабзавот 6,5 ва меваҷот 87,4 фоиз зиёд мебошад. Ба ҳолати 1 июли соли равон дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонии ноҳия дар майдони 976,2 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки назар ба соли гузашта 353 гектар ё 56,6 фоиз зиёд мебошад. Чорводорон саршумори чорвои калонро ба 79272 сар, моли майдаро ба 141221, парандаро ба 294242 сар ва занбӯри асалро ба 3129 оила расониданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта чорвои калони шохдор 9,2 фоиз, моли майда 4,5 фоиз, оилаи занбӯри асал 2 фоиз зиёд гардида, паранда 11 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли пеш таъмини замини киштшаванда ва наздиҳавлигии сокинон бо оби полезӣ беҳтар гардида бошад ҳам, вале норасоии оби полезӣ дар деҳоти Султонобод, баъзе минтақаҳои деҳоти Эсанбой ба хушкшавии зироати кишти такрорӣ оварда расонд. Инчунин, бо сабаби сари вақт аз шаҳри Ваҳдат тавассути канали Роҳатӣ ва Оққурғон ҷорӣ нагардидани об, беш аз 350 гектар замини ҳудуди деҳоти Гулистон ва як қисми замини полезии деҳоти Роҳатӣ бе об монда, ба маҳсулоти киштшудаи соҳибкорону деҳқонон зарари ҷиддӣ расонида, қисми зиёди маҳсулот хушк гардид.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»