Аз нишастҳои матбуотӣ

Норасоии омӯзгорон бартараф гардид

№22 (4762) 16.02.2024

6Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки масъулини самти робитаҳои байналмилалии донишкада дар 10 чорабинии гуногун, аз ҷумла фестивалу форум ва вохӯриҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, бо 5 муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, санъати тасвирӣ, сафарбарии академӣ, мубодилаи донишҷӯён, таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандону омӯзгорон созишнома ба имзо расонданд.

Дар асоси созишномаҳои баимзорасида 10 донишҷӯи курси сеюм ва омӯзгорони кафедраи санъатшиносӣ барои таҷрибаомӯзии таълимӣ ва ошноӣ бо ёдгориҳои таърихии шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон фиристода шуданд.

Ҷамшед Ғанизода дар посух ба суоли хабарнигори рӯзнома дар робита ба норасоии омӯзгорони касбӣ чунин гуфт:

- Донишкада ҷавон аст ва дар ибтидои фаъолият ба чунин мушкил мувоҷеҳ буд, вале ин норасоӣ аз ҳисоби хатмкардагони худӣ бартараф гардид. Ҳоло беш аз 30 фоизи омӯзгоронро дастпарварони донишкада ташкил медиҳанд.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»