Носир Саидов: «Мазмуну мундариҷаи барномаҳои «Сафина» тағйир ёфт»

№22 (4422) 17.02.2022

IMG_0928Дар нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Носир Саидов доир ба фаъолияти он дар соли сипаришуда изҳор дошт, ки аз ҷониби кормандони телевизион бо мақсади тарғибу ташвиқи Истиқлолияти давлатӣ, моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳимояи арзишу дастовардҳои он танҳо моҳи сентябр 41 барнома дар ҳаҷми 20 соат таҳия ва пахш гардид.

Илова бар ин, озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар бахши илм­ҳои дақиқ ва ихтироъкорию навоварӣ, аз ҷониби Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» гузошта шуда буд, ба таври васеъ инъикос ёфт. Гурӯҳҳои эҷодию техникии шабака дар сабти пурраи бахши «Адабиёти муосир»-и озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» низ саҳми гузоштанд. Ҳамчунин, аз ҷараёни озмун ҳар рӯз аз тариқи барномаҳои иттилоотии «Навид» ва «Субҳ ба хайр, Тоҷикистон» гузоришҳо таҳия ва пахш гардиданд.

Дар давоми сол ба шарофати пешниҳоди лоиҳаҳои нав дар мазмуну мундариҷа ва тарзи пешниҳоди барномаҳо тағйирот ба вуҷуд омад. Аз ҷумла, дар барномаҳои «Фазо» ва «Хотираҳо» мусиқӣ ва сурудҳо зинда садо доданд. Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ҳунарпешагони ансамблҳои давлатӣ ва ҳаваскорони санъат аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ меҳмони барнома буданд.

Вобаста ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» 60 барнома пахш гардида, ҷашни Сада дар барномаҳои «Суҳбати рӯз», «Муждаи эҷод», «Сада – мужда аз Наврӯз» инъикос шуд.

Бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80 — солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикис­тон Ато Муҳаммадҷонов Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту-2021» баргузор гардида, ҷараёни чорабинӣ аз тариқи барномаҳои иттилоотии «Навид» ва «Субҳ ба хайр, Тоҷикис­тон» намоиш дода шуд.

Бо мақсади рушди фарҳангу ҳунар ва дарёфти истеъдодҳои нав, баланд бардоштани мақому нуфузи ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» имсол низ дар амалисозии фасли дуюми лоиҳа-озмуни байналмилалии «Central Asia’s Got Talent» («Осиёи Марказӣ истеъдод меҷӯяд») дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон иштирок кард.

Иттилоъ гирифтем, ки соли 2021 шабака шаст филми бадеиро тарҷума ва дубляж карда, пешниҳоди бинандагон гардонид. Хурсандиовар аст, ки идораҳои эҷодии муассиса бо даҳ компютери нав таъмин ва компютерҳои мавҷуда пурра бо қисмҳои нав муҷаҳҳаз гардиданд. Намояндагии муассиса дар шаҳри Кӯлоб низ бо автомашинаи хизматӣ таъмин шуд.

ВОРИС,

«Садои мардум»