- Фаъолияти Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» соли 2020 ба тарғибу ташвиқи сиёсати Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар соҳаи фарҳанг, равона гардида, 14 барномаи нав, аз қабили «Фазо», «Замзамаи ободӣ», «Ганҷи бебаҳо», «Солим бимонед», «Ҳадаф», «Минбари андеша» ташкил карда шуданд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 10 феврали соли 2021 директори он Носир Саидов.
Бино ба гуфти ӯ, яке аз дастовардҳои «Телевизиони Сафина» дар соли гузашта иштирок дар «Намоиш-фестивали 8-уми байналмилалии кинои кӯтоҳмуддати Осиё» буд, ки дар Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор шуд. Дар он миёни 21 ҳазор филми кӯтоҳмуддат аз 30 кишвари ҷаҳон филми «Ношунаво»-и коргардони ҷавони шабака Усмон Юсуфов соҳиби ҷоизаи Golden Begonia Award шуд.
Соли гузашта дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодии Телевизиони давлатии KBS-и Ҷумҳурии Корея филми илмию иттилоотии «Ҳайвоноти нодир ва табиати нотакрори Тоҷикистон»-ро ба навор гирифтем, ки он аз тариқи Телевизиони давлатии KBS-и Ҷумҳурии Корея намоиш дода шуда, миллионҳо шаҳрванди ин давлатро бо мавзеъҳои сайёҳӣ ва табиати нотакрори Тоҷикистон ошно сохт.
Дар иртибот ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» силсилаи барномаву намоишҳои телевизионӣ манзури бинандаҳо гардид. Даври ҷумҳуриявии озмун ҳар рӯз аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон пурра намоиш дода, ҳамчунин, се нашри барномаи «Шоми ғазал» ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ва се нашр ба эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ бахшида шуд. Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонии наврасон барномаи «Шоҳкориҳои адабиёт» дар бораи асарҳои адибони машҳури ҷаҳон мунтазам пахш мешавад.
Инчунин, вобаста ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» силсилаи барномаву гузоришҳо пахш гардид.
Бо мақсади ба аҳолӣ фаҳмонидани омилҳои пайдоиш, нишонаҳо, роҳҳои пешгирии бемории COVID-19 ва паёмадҳои он барномаҳои «Шифо», «Мавқеъ», «Суҳбати рӯз», «Солим бимонед», «Ганҷи бебаҳо» ва дар барномаи иттилоотии «Навид» ва «Субҳ ба хайр, Тоҷикистон» сюжетҳо пахш гардиданд.
- Минбаъд низ неруи зеҳниро барои беҳтар кардани сатҳу сифати барномаҳои телевизионӣ ва истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона хоҳем сохт, — гуфт дар фарҷом Носир Саидов.
М. ЗОКИР,
«Садои мардум»