Раиси ноҳияи Носири Хусрав Маҳмадаюб Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар ноҳия корхонаи равғанбарорӣ бунёд карда мешавад.
Зикр гардид, ки чанд маротиба ба соҳибкорон дар хусуси бунёди чунин корхона пешниҳод карда шуд, аммо бо сабаби ноҳияи дурдаст будан соҳибкорон пешниҳодро дастгирӣ накарданд. Аз ин хотир, худи раиси ноҳия тасмим гирифтааст, ки корхонаро бунёд кунад.
Ҳамчунин, дар ноҳия то ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 102 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 20 ададаш коргоҳу корхонаи саноатист.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»