Аз нишастҳои матбуотӣ

Ноуҳдабароии 20 шаҳру ноҳия дар иҷрои буҷет

№12(3649) 04.02.2017

МолияТавре аз суханронии муовини якуми вазири молияи мамлакат Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дар нишас­ти матбуотӣ маълум гардид, соли 2016 новобаста аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ  Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2015 — ум 0,9 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми номиналии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 54,4 млрд. сомонӣ баробар гардид. Ин нисбат ба соли 2015 — ум 6 млрд. сомонӣ зиёд мебошад. Гардиши савдои хориҷӣ дар ин давра 3929,6 млн. доллари ИМА, аз ҷумла содирот – 898,7 ва воридот 3030,9 млн. доллари ИМА- ро ташкил додааст. Муҳим он аст, ки ҳаҷми содирот нисбат ба соли 2015 — ум 0,9 фоиз зиёд гардидааст.

Қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ дар ин давра ба маблағи 7,3 млрд. сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 586,1 млн. сомонӣ кам мебошад. Дар баробари ин, қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ 97,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 4030,4  млн. сомонӣ ворид шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 107,6 млн. сомонӣ кам мебошад. Зикр шуд, ки мақомоти андозу гумрук мутаносибан  аз нақша 93,8 млн. сомонӣ ва 421,0 млн. сомонӣ кам маблағ ворид намуданд.

Барои дастгирии қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ 809,2 млн. сомонӣ субвенсия ҷудо карда  шудааст. Боиси нигаронист, ки ҳаҷми бақияпулиҳои андоз нисбат ба аввали соли 2016 — ум 115,1 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ, 818,0 млн. сомониро ташкил додааст. Агар онро раддабандӣ намоем, пас ба корхонаҳои азими ҷумҳурӣ – 399,8 млн. сомонӣ (48,9 фоиз), вилояти Хатлон — 152,3 (18,6 фоиз), вилояти Суғд- 123,3 (15,1 фоиз), шаҳри Душанбе — 80, 1 (9,8 фоиз) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 58,7 млн. сомонӣ (7,2 фоиз) рост меояд.

Нигаронкунанда ноуҳдабароии баъзе аз шаҳру ноҳияҳо дар иҷрои буҷет мебошад. Барои мисол, дар ҷумҳурӣ 20 шаҳру ноҳия иҷрои қисми даромади буҷетро аз рӯи сарчашмаҳои даромади дохилӣ таъмин карда  натавонистанд ва аз ин ҳисоб ба буҷет 205,5 млн. сомонӣ ворид нагардид.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»