Аз нишастҳои матбуотӣ

Нуриддин САИД: «Барои 144 нафар манзили истиқоматӣ бунёд мегардад»

№15 (4755) 31.01.2024

Кум ТЕЛЕ РАДИО (3)Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ 29-уми январ фаъолияти кумитаро дар соли 2023 назаррас арзёбӣ намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло дар ҷумҳурӣ 101 шабакаи давлатию хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият дорад.

Дар соҳаи телевизион ва радио ду барномаи давлатӣ — «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» татбиқ мегардад. Тайёр намудани журналистони барномаҳои муаллифӣ, рӯзноманигорони соҳавӣ ва сенариянависон аз ҳадафҳои барномаҳои мазкур маҳсуб меёбад. Кумита бо беш аз 20 давлати ҷаҳон дар соҳаи телевизион ва радио ҳамкории доимӣ дошта, соли сипаришуда 17 рӯзноманигор аз кумита ва воҳидҳои сохтории он дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.

Оид ба фарогирии аҳолии мамлакат бо пахши рақамӣ изҳор гардид, ки айни ҳол он ба 83,4 фоиз баробар аст. Роҳбарияти кумита ният дорад ояндаи наздик онро ба 100 фоиз расонад.

Соли равон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми хайр роҳандозӣ мешавад. Қарор аст барои 144 корманди кумита ва зерсохторҳои он манзили истиқоматӣ бунёд гардад.

- То имрӯз арзиши сохтмон муайян ва лоиҳаи он тасдиқ гардида, аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷозатнома гирифтем. Музояда эълон намуда, сипас, сохтмонро оғоз менамоем,- гуфт Нуриддин Саид.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»