Ҳадафи асосии нишастҳои матбуотӣ, ки дар асоси фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегарданд, тақвият бахшидани равобити журналистон бо масъулини вазорату кумита, ташкилотҳо ва дар ин замина, таъмини дастрасии аҳолӣ бо иттилои муътамад маҳсуб мешавад.
Мутаассифона, қисмати зиёди журналистон ин чорабиниро самаранок истифода набурда, бо саволҳои содалавҳона, ки баъзеашон моҳияти шахсӣ дошта, боқимонда ба ваколати кормандон ва самти фаъолияти идора умуман рабт надорад, вақти дигаронро зоеъ намуда, дар аксар маврид боиси хандахариш мегарданд. Зимни баргузории нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми кишвар, ки 11 июли соли ҷорӣ баргузор гардид, айнан ҳамин ҳолатро мушоҳида намудам. Чунин ба назар мерасид, ки чорабинии мазкур на нишасти матбуотӣ, балки рӯзи қабули вазир буд, зеро аксари журналистон бо саволҳое муроҷиат намуданд, ки моҳияти шахсӣ доштанд. Бар замми ин, як идда кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти мамлакат низ «меҳмон»-и ин чорабинӣ шуда, бо саволҳои худ, ки онҳо низ ҳамин гуна моҳият доштанд, ба вазир муроҷиат карданд. Нуктаи олитарини ин раванд аз ҷониби вазир туҳфа гардидани роҳхат барои истироҳат дар осоишгоҳ баъди ҳаққи қалами хешро талаб намудани яке аз ҳозирин, ки дар таҳияи китобҳои бадеӣ барои мактабҳо саҳм доштааст, маҳсуб меёбад.
Сарфи назар аз ин, вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид бо вуҷуди 20 дақиқа дер кардан ба нишаст, тақрибан 2 соат бо журналистон гуфтугӯйи ошкоро дошт. Ҳарчанд аксари саволҳо аз мавзӯъ дур буданд, вазир бо назокати ба худ хос тавонист пешравиҳои соҳаро бо далелҳои асоснок бозгӯйӣ намояд. Шоистаи таҳсин аст, ки Нуриддин Саид ҳатто доир ба ҳолати мактабҳои дурдасттарин минтақаҳои кишвар маълумоти кофӣ ва ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъи соҳа азми қавӣ дорад.
Баробари шиква аз баъзе журналистон дар робита ба инъикоси ғайримунсифонаи ибтикороти вазорат таъкид намуд, ки фаъолияташон пурмаҳсул буда, далелҳои зиёде гувоҳи ин гуфтаҳост.
Бардошти мухтасар он аст, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар мамлакат ба маблағи 116 миллиону 761 ҳазор сомонӣ 20 муассисаи таълимӣ бо 4643 ҷойи нишаст бунёд шудааст. Илова бар ин, ҳоло сохтмони 118 мактаб босуръат идома дорад, ки то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ 68-тоаш мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Дар ин муддат ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ 98 номгӯй китоби дарсӣ ба маблағи 10716905 сомонӣ дастрас шуд. Ҳамчунин, ба шуъбаҳои маориф 220818 нусха дастури таълимӣ, ки арзишашон 1750649 сомониро ташкил медиҳад ва 76 номгӯй адабиёти таълимӣ, ки нархашон ба 352052 сомонӣ баробар аст, ройгон тақсим карда шуд ва ин раванди муттасил аст.
Як нуктаи муҳим ва ҷолиб дар суханони Нуриддин Саид бо мусоидати вазорат монополия намудани нашри китобҳои дарсӣ, номаҳои камол ва журналҳои синфӣ ба ҳисоб мерафт. Иқдоми мазкур тибқи қонунгузории ҷорӣ ба хотири дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ сурат гирифтааст ва вазир ба дурустии ин амал муътақид аст. Бино ба гуфти номбурда, соли равон шумораи онҳое, ки ба синфи якум мераванд, 204000 нафарро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда соли гузашта 188000 буд. Оид ба дӯхтани сару либоси мактабӣ дар дохили кишвар низ вазир назари нек дошт.
Далер Мерганов, «Садои мардум»