Аз нишастҳои матбуотӣ

Нуриддин Саид: «Телевизионҳои нав ба моҳвора пайваст мешаванд»

№95 (4515) 29.07.2022

2- Дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» 1 апрели соли 2022 Муассисаи давлатии «Телевизиони сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба фаъолият шурӯъ намуд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид. Муассиса ҳар рӯз барои бинандагон силсилаи намоишҳои иттилоотӣ, маърифатӣ, фарҳангию фароғатӣ, лавҳаҳои тарғиботии инъикоскунандаи бахши сайёҳию ҳунармандии мамлакатро таҳия ва пешниҳод менамояд. Айни замон кумита ­масъалаи ба моҳвора пайваст намудани «Телевизиони сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ТВ «Илм ва табиат»-ро бо ширкати «Ал-Майсан»-и Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ дорад.

Нуриддин Саид таъкид кард, ки аъзои Шӯрои бадеии кумита дар шаш моҳи аввали соли равон матни 67 барномаи калонҳаҷми телевизиониву радиоӣ, филмҳои мустанад, роликҳои иҷтимоию тарғиботӣ, 46 ролику лавҳа ва зиёда аз 40 оҳангу суруди навро, ки аз ҷониби ҳайатҳои эҷодию техникии шабакаҳои телевизиону радио ва дастаҳои ҳунарии кумита ба ҷашнҳои милливу давлатӣ, аз ҷумла, ҷашни Сада, Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи шашмақом, Рӯзи ҷавонони Тоҷикис­тон, ҷашни Тиргон ва Рӯзи ваҳдати миллӣ омода ва пешниҳод шуданд, баррасӣ намуда, такмил доданд.

Аз ҷониби дастаҳои ҳунарии кумита дар ин давра 18 барномаи консертии телевизионӣ сабт ва пешниҳод шуд. Дар доираи баргузории Конфронси дуюми байналмилалии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва Фестивали об консерти устодони санъат дар сатҳи олии бадеӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва таронаҳои кишварҳои дар чорабинӣ иштироккунанда таҳия ва пешниҳод гардид.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои хориҷӣ дар соҳаи телевизион ва радио корҳои муайянро ба анҷом расонид. Айни замон кумита бо 19 давлати хориҷӣ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Хитой, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Эрон, Италия, Федератсияи Россия, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ҳиндустон, Туркманистон, Покистон, Беларус, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Фаластин, Кувайт дар соҳаи телевизион ва радио санадҳои ҳамкорӣ дорад. Ҳамчуни кумита бо сохторҳои марбутаи Арабистони Саудӣ, Фаронса ва Малайзия масъалаҳои ҳамкориро дар самти табодули таҷриба, навор, истеҳсоли филмҳо ва дастрасии дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ баррасӣ менамояд.

ВОРИС,

 «Садои мардум»