- Соли 2016 нақшаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ, бе дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 101 фоиз таъмин шуда, ба ҷойи 6 миллиарду 985,4 миллион сомонӣ ба буҷет зиёда аз 7 миллиарду 53 миллион сомонӣ ворид шуд, -изҳор дошт раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода 20 январ зимни нишасти матбуотӣ. Бино ба гуфти ӯ, дар ин давра нисбат ба андозсупорандагоне, ки ба қонунвайронкунӣ ва пинҳонкунии андозҳо ба маблағи калон роҳ додаанд, барои чораҷӯӣ ва қабул намудани қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 363 маводи санҷишӣ ба маблағи 734,1 миллион сомонӣ равона шудааст. Соли сипаришуда дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо зиёда аз 6200 ҳолати бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ ошкор шуд.
- Дар маҷмӯъ, зиёда аз 24600 ҳуқуқвайронкунӣ ошкор ва ба шахсони дахлдор ба маблағи умумии 307 миллион сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардид, — гуфт Нусратулло Давлатзода.
Мутобиқи маълумоти Феҳристи ягонаи давлатӣ то якуми январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ 288 683 субъекти хоҷагидор фаъолият менамояд, ки нисбат ба як соли пеш 12636 адад зиёд мебошад. Зиёдшавии шумораи субъектҳои хоҷагидор асосан аз ҳисоби бақайдгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии тибқи патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда сурат гирифтааст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»