Аз нишастҳои матбуотӣ

Нусратулло ДАВЛАТЗОДА: «Кодекси нави андоз ба соҳибкорон сабукӣ овард»

№19 (4439) 10.02.2022

CTX_7209+++- Мақомоти андози ҷумҳурӣ — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода, — дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, ба комёбиҳои зиёд ноил шуданд. Дар ин давра нақшаи андоз­ҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 100,7 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 13 миллиарду 621,2  миллион сомонӣ ба буҷети давлат 13 миллиарду 722,0 миллион сомонӣ ворид шуд.

То 1 январи соли 2022 шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор 338,8 ҳазор ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 — ум 3,5 ҳазор зиёд мебошад.

Зикр шуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти андоз корҳои фаҳмондадиҳӣ ба ҳисоб рафта, дар соли сипаришуда 1780 семинар — машварат, видеоконференсия, вохӯрӣ ва намоишу мусоҳибаҳо баргузор гардид. Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ сомонаи Кумитаи андоз пайваста такмил дода шуда, дар он санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи андоз ва дигар маълумоти зарурӣ ҷойгир карда мешавад.

Қобили қайд аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ тавассути барномаи муосири компютерӣ аз тариқи шабакаи интернет дар реҷаи мустақим (ЗУМ-конференсия) низ ба роҳ монда шудааст.

То 13 январи соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони Кумитаи андоз ба 35 намояндагии дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа дар реҷаи мустақим — ЗУМ — конференсия дар мавзӯи «Сабукӣ ва имтиёзҳои андозии Кодекси андоз дар таҳрири нав» семинар — машварат баргузор карда шуд. Н. Давлатзода муътақид аст, ки Кодекси андоз дар таҳрири нав, воқеан ҳам, ба андозсупорандагон як силсила сабукӣ овард.

Ӯ. Назар,

 «Садои мардум»