Аз нишастҳои матбуотӣ

Оғози марҳилаи нави рушд дар ВМКБ

№24 (4764) 21.02.2024

260294318_132061285865909_1618656401765142977_nРаиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар нишасти матбуотӣ баён намуд, ки иҷрои нақшаи буҷети маҳаллӣ дар соли 2023-юм 105,2 фоиз ва қисми хароҷоти он 97,3 фоиз таъмин шуд. Уҳдадориҳои давлатӣ оид ба сари вақт пардохт намудани музди меҳнат, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ пурра иҷро гардиданд.

Бақияи қарзи андозҳо то моҳи январи соли 2024-ум 1 млн. 681 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2022-юм 50 ҳазор сомонӣ камтар аст. Пасандозҳои шаҳрвандон дар филиалҳои бонкҳои вилоятӣ нисбат ба соли 2022-юм 3,8 фоиз афзуда, ба 392 млн. сомонӣ расид.

Дар заминаи эълон намудани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, дар вилоят 24 корхонаю коргоҳи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

 Зикр шуд, ки дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ба 204,5 млн. сомонӣ баробар гардид, ки 24,5 фоиз нисбат ба соли 2022 зиёд мебошад.

 Соли сипаришуда ба иқтисоди вилоят зиёда аз 1 млрд. 779 млн. сомонӣ маблағ ворид гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 1,736,6 млн. сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2022-юм 371,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Бино ба гуфти ӯ, кишоварзони вилоят дар ин давра ба маблағи 885,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Соли сипаришуда дар вилоят 54,7 га боғҳои нав бунёд шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи пешбинишуда 3,4 маротиба зиёд аст. Ба бунёди гармхонаҳо низ диққати ҷиддӣ зоҳир шуда, соли 2023-юм 80 гармхонаи нав дар масоҳати зиёда аз 3 га бунёд гардиданд.

Теъдоди сайёҳон, ки аз вилоят дидан менамоянд, сол аз сол зиёд шуда, соли 2023 ба 20 594 нафар расид, ки 6 961 нафарашон хориҷиёнанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022-юм 2,5 маротиба зиёд аст.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»