Аз нишастҳои матбуотӣ

Объектҳои санҷидашуда каму зарари молиявӣ зиёд

№17-18 (4437-4438) 08.02.2022

DSC_96722 феврали соли 2022 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Раиси он Қарахон Чиллаев ҳозиронро бо натиҷаи фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 шинос намуд.

- Палатаи ҳисоб ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд, як қатор корҳоро ба сомон расонидааст.

Дар ин давра чорабиниҳои аудиторӣ оид ба баҳодиҳӣ ба ташаккул ва иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои Шуғнон, Мурғоб ва Ишкошими ВМКБ, Мир Сайид  Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Дӯстӣ ва Нораки вилояти Хатлон, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Бӯстони вилояти Суғд, Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Файзобод, Лахш, Варзоб ва Турсунзода гузаронида шуд. Дар ин раванд 411 ташкилоту муассисаи буҷетӣ мавриди аудити молиявӣ қарор гирифта, зарари молиявӣ ба маблағи 25,5 млн. сомонӣ ошкор гардида, аз он ба буҷет 22,8 млн. сомонӣ, ба корхонаҳо 1,5 млн. сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1,2 млн. сомонӣ барқарор карда шуд, — иброз дошт ӯ.

- Чорабиниҳои аудиторӣ дар 19 марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ низ гузаронида шуда, аз ҳисоби изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, риоя нагардидани воридоти андоз дар қисми даромади буҷет ва дигар хароҷоти ғайриқонунӣ ба маблағи 13,5 млн. сомонӣ зарари молиявӣ муайян гардид. Ин нисбат ба шумораи объектҳои соли қаблӣ мавриди аудит қарордодашуда 2 адад кам ва зарари молиявии ошкоргардида ба маблағи 9,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Тилло НЕКҚАДАМОВ,

«Садои мардум»