Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳодисаҳои нохуш кам шудааст

№21 (4917) 14.02.2025

геология1Соли 2024 дар корхонаю иншоот 48 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки ин дар қиёс бо соли қаблӣ чор ҳодиса кам мебошад. Дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш 30 нафар ба ҳ

алокат расидаанд. Соли 2023 ин рақам 36 нафарро ташкил дода буд.

- Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо, беаҳамиятӣ ҳангоми кор бо объекти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ, сарфи назар шудани технологияи коркарди кон, ҳамчунин, набудани мутахассисони соҳа мебошад,- иброз намуд сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат дар нишасти матбуотӣ.

Зикр гардид, ки соли 2024 мутахассисони хадамот 3500 ҳолати вайронкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор карданд. Бо мақсади бартараф намудани қоидавайронкуниҳо дар корхонаҳои зериназоратӣ 270 санад-нишондод ва 11 нишондод оид ба боздошти кор пешниҳод гардид. Барои роҳ додан ба қоидавайронкуниҳо нисбат ба 7 шахси ҳуқуқӣ, 27 шахси мансабдор ва 5 шахси воқеӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, ҷаримабандӣ шуданд. Маблағи умумии ҷаримаҳои соли 2024-ум 182 ҳазору 80 сомониро ташкил медиҳад.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»