Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ ҷони 20 нафарро рабуданд

№15 (4121) 01.02.2020

Саноати Бехатари- Соли 2019 дар ҷумҳурӣ 2173 корхона ва 9833 иншоот зери назорати Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт,- изҳор намуд сардори хадамот Раҳим Санъат Асо зимни нишасти матбуотӣ. — Дар давраи мавриди назар 259 назорати техникӣ — 241 нақшавӣ ва 18 ғайринақшавӣ гузаронда шуд.

Барои ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ набудани фаъолият, наандешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар иншооти истеҳсолии хатарнок ба 67 корхона оид ба боздошти кор супориш дода шуд. Шахсони масъул ба ҷавобгарӣ кашида, ба маблағи 653380 сомонӣ ҷарима гардиданд. Дар давоми сол сатҳи касбияти 1571 корманди муҳандисию техникии корхонаҳо оид ба бехатарии саноатӣ мавриди санҷиш қарор гирифт, ки аз ин шумора 273 нафарашон аз санҷиш нагузаштанд.

Соли сипаришуда 33 ҳодисаи нохуш ва 3 садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа, 20 нафар ҳалок гардида, 25 кас ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.

- Ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш таҳлили ҳодисаҳои нохуши дар соли 2019 рухдодаро  дар шакли китобча — «Бюллетени ахборотӣ» нашр намуда, ба вазорату идораҳо ва корхонаҳои дахлдор мефиристем, — афзуд Раҳим Санъат Асо.

Н. НИЗОМӢ«Садои мардум»