Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим 24-уми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ оид ба зарари офати табиӣ ба соҳаҳои роҳу нақлиёт иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ зарари то имрӯз ҳисобшуда 37,2 миллион сомониро ташкил дода, дар сурати ба охир расидани ҳисоб дар ду минтақаи Рашт шояд ба 40 миллион сомонӣ расад.
Азим Иброҳим изҳор дошт, ки ҳиссаи соҳаи нақлиёт дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 3764,5 миллион сомонӣ ё 6,1 дарсад баробар буда, дар шаш моҳи соли равон тавассути ҳама намуди нақлиёт 61 миллион тонна бор ва 483,1 миллион мусофир интиқол дода шуд. Вазири нақлиёт афзуд, ки боркашонӣ 13,8 фоиз, гардиши бор — 12,5, мусофирбарӣ — 9 ва гардиши мусофирон 18,1 фоиз зиёд гардидааст. Иттилоъ гирифтем, ки 93,5 дарсади ҳамлу нақли бор ва 99,8 дарсади мусофирон дар ҷумҳурӣ ба нақлиёти автомобилӣ рост меояд. Дар ин давра бо нақлиёти автомобилӣ 57,2 миллион тонна бор ва 469,8 миллион мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 14,6 ва 9 дарсад зиёд мебошад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»