Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҷоизадорони озмунҳо қадрдонӣ шуданд

№21 (4761) 14.02.2024

5- Соли 2023 донишҷӯён ва омӯзгороне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷой ва диплом гардиданд, ба маблағи аз 5 то 15 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд, — иброз намуд ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шукрулло Хайрзода 8-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ.

Ҳамчунин, афзуд, ки соли 2023 панҷ нафар устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, се нафар соҳиби ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», як нафар ҷоизадори Озмуни ҷумҳурияии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ва як нафар ҷоизадори Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» гардиданд.

- Соли 2023 Донишгоҳи давлатии Данғара бо 15 муассисаи таълимии олӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Дар доираи ҳамкориҳо 12 нафар омӯзгорони донишгоҳ дар муассисаҳои олии хориҷӣ дар курсҳои бозомӯзӣ, семинарҳо ва конфронсҳои илмӣ иштирок намуданд. Инчунин, дар соли таҳсили соли 2023-юм 18 нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои номзадиашонро бомуваффақият дифоъ намуданд, — афзуд ректор.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»