Соли сипаришуда дар намоишгоҳи ЭКСПО- 2017, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гашт, павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни 115 давлат ва 22 ташкилоти байналмилалӣ аз рӯи номинатсияи «Кушодани мавзӯи намоишгоҳ» ҷойи якумро ишғол намуда, соҳиби Ҷоизаи тиллоӣ гардид, ки дар даврони соҳибихтиёрӣ бори аввал буда, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон ба он сарфароз шудааст.
- Масоҳати павилиони ҷумҳурӣ дар он чорабинии бошукӯҳ 35 метри мураббаъро ташкил медод, — гуфт дар нишасти матбуотӣ раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид, ки аз кишвар комиссарии чорабинии мазкурро ба уҳда дошт. — Ин дар ҳоле буд, ки масоҳати павилиони Ҷумҳурии Қазоқистон 5000 метри мураббаъ, ИМА, Олмон, Британияи Кабир, Арабистони Саудӣ, Кувайт, Қатар ва дигар кишварҳои мутараққӣ 1000 — 2000 метри мураббаъро ташкил медод. Аксари кишварҳо аз мамолики хориҷӣ мутахассисонро барои ороиши павилион киро карда буданд. Вале мо ба неруи зеҳнии мутахассисони худӣ такя карда, соҳиби ҷоиза шудем.
Бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолкунандагони ватанӣ 13 феврали соли 2017 дар намоишгоҳи «Прод ЭКСПО — 2017 (6 ширкати истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ) ва 9 сентябри соли 2017 дар намоишгоҳи «World Food 2017» (7 ширкати истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ) дар шаҳри Москва иштирок намуда, соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардиданд. Моҳи октябри соли гузашта 130 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва зиёда аз 300 соҳибкори мамлакат дар намоишгоҳи молҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карданд.
Алҳол Палатаи савдо ва саноат узви 12 палатаи савдою саноати бонуфузи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва созмонҳои байналмилалӣ буда, зиёда аз 680 ташкилот ва корхонаҳои хурду бузурги кишварро муттаҳид намудааст.
Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»