Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳолати чарогоҳҳо беҳтар мегардад

№21 (3815) 17.02.2018

ЧорводорДиректори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Саъдӣ Каримзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки то оғози соли равон дар ноҳияҳои Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон 24 клиникаи байторӣ сохта, бо таҷҳизоти зарурӣ пурра таъмин шуданд.

- Аз оғози татбиқи лоиҳа  сохтмони 14 кӯпруки чорвогузар, 84 нуқтаи обнӯшии чорво дар чарогоҳ, 5 ҷойи нигоҳдории чорво ва бунёди 20 роҳ ба чарогоҳҳоро ба анҷом расид, — гуфт Саъдӣ Каримзода. – Дар доираи тат­биқи марҳилаи якуми лоиҳа ба ҷамъиятҳои чарогоҳистифодабаранда 133 трактори тамғаи МТЗ- 82 («Беларус»), 12 борбардор, 2 экскаватор ва зиёда аз 840 мошинолоти гуногун, аз қабили ядак, ғаллакӯбак, мотоблок, таҷҳизот барои ҷамъоварии хӯроки чорво, алафтойкунак, испор ва ғайра дастрас карда шуд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки татбиқи лоиҳа дастгирии занони деҳот ва бо ҷои кор таъмин намудани онҳо мебошад. Вобаста ба ин, 780 нафар бону дар соҳаҳои чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, коркарди ширу пашм ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд.

Ба 250 оила, дар маҷмӯъ, 5000 сар мурғ бо захираи хӯроки семоҳа дода шуда, оид ба коркарди пашм 15 гурӯҳ ва  оид ба коркарди шир  10 гурӯҳи занон таъсис ёфт. Дар маҷмӯъ, 1000 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) ҳоло  марҳилаи дуюми татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои Данғара, Восеъ,  Ҳамадонӣ, Фархор ва шаҳри Кӯлоб амалӣ гардида истодааст. Маблағи лоиҳавии он 24  миллион доллари ИМА мебошад.

Дар асоси пешниҳоди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 хоҷагии тухмипарварӣ бо 41,5 тонна  тухмии аълосифати гандум, ҷав, ҷуворимакка, лаб­лабуи хӯроки чорво, юнучқа, мушунг ва 108,14 тонна  нуриҳои минералӣ таъмин гардиданд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»