Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳолати санитарии шаҳри Ваҳдат ташвишовар маънидод гардид

№89 (3883) 21.07.2018

DSC06667Раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода 16 июли соли 2018 зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷамъи даромадҳои дохилӣ 50 миллион сомониро ташкил дод, ки баробари 83 фоизи нақша аст. Қисми даромади буҷети иҷтимоӣ ба 27 миллиону 253 ҳазор, хароҷот ба 49 миллиону 932 ҳазор сомонӣ баробар шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, дар маҷмӯъ ба 75 миллиону 226 ҳазор сомонӣ расид. Аз 67 корхонаю коргоҳи расман ҳисоботдиҳанда 27 корхона, бинобар надоштани маблағҳои гардишию ашёи хом, фаъолият накард, 15 корхонаи дигар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам кард. Аз нуҳ намуд се намуди андоз, аз ҷумла, андоз аз амволи ғайриманқул ба маблағи як миллиону 554 ҳазор сомонӣ, низоми махсуси андозбандӣ — 4 млн. 548 ҳазор сомонӣ ва боҷи давлатӣ 464 ҳазор сомонӣ иҷро нагардид.

- Дар ин давра, — гуфт ӯ, — бо мақсади назорати давлатии риояи талаботи қонунгузории замин дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ба номи Н. Розиқ, «Гулистон», «Ромит», «Баҳор» ва ба номи А.Абдулвосиев санҷишҳои муштарак гузаронида, 118 ҳолати қонунвайронкунӣ муайян карда, нисбат ба 103 ҳолати қонуншиканӣ ба маблағи 42,2 ҳазор сомонӣ протокол тартиб дода, 34,3 ҳазор сомонӣ ҷарима рӯёнда шуд.

Раис аз фаъолияти нокифояи Раёсати хоҷагию манзилии коммуналӣ ва сохт­монӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ҳолати кунунии санитарию эпидемиологии шаҳр ташвишовар аст. Хусусан ҳолати бозори марказӣ ва атрофи он ҳузнангез мебошад. Савдои ғайрирасмии кӯчагӣ табъи ҳар бинандаро хира месозад.

Дар робита бо муроҷиати шаҳрвандон зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли равон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр 7478 нафар хаттӣ ва шифоҳӣ муроҷиат кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 708 адад зиёд аст. — Ин аз камфаъолиятӣ ё бесалоҳиятии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дарак медиҳад, — гуфт Раҳмоналӣ Амирзода.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»